Дипломатияи Саудӣ -  тахриби равобити Эрон дар минтақа ва ҷаҳон
(last modified Mon, 21 Nov 2016 12:25:44 GMT )
Ноябр 21, 2016 17:25 Asia/Dushanbe
  • Дипломатияи Саудӣ -  тахриби равобити Эрон дар минтақа ва ҷаҳон

Маҳофили сиёсии вобаста ба саудиҳо дар рӯзҳои ахир ҳаракат ва лоббиҳои сиёсиро алайҳи Эрон афзоиш додаанд, ки ҳадаф аз он таҳти фишор қарор додани Эрон дар арсаи минтақаӣ ва байналамилалӣ аст.

Арабистон ва муттаҳидони минтақаии Риёз мекӯшанд, бо иддаоҳои беасос Эронро чолише барои амнияти минтақа нишон диҳанд. Ин кӯшишҳо, албатта, бо аҳдофу манфиатҳои қудратҳои фароминтақаӣ, ҳамчунин бо сиёсатҳои Исроил дар минтақа ҳамсӯ шудааст. Дар ин чорчӯб Аморот ва чанд кишвари дигари арабӣ ҳафтаи гузашта бо ҳидояту таҳрики Риёз дар номае ба Созмони Милали Муттаҳид иддаои мудохилаи Эронро дар кишварҳои минтақа матраҳ карданд. Ин ҷараёнсозӣ дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ низ, ки ба шиддат таҳти нуфузи Арабистон аст, намудор мебошад. Дар ин замина раиси Шӯрои равобити байналамилалии кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс рӯзи якшанбе гуфт: «Хоҳони рондани Эрон аз узвият дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ ҳастем». Ториқ аш-Шайхон бо ин иддао, ки Теҳрон дар Яман мудохила мекунад, аз ҳама кишварҳои исломӣ хост, барои дур кардани Эрон аз ҳама ташакилотҳои исломӣ иқдом кунанд. Ҳамзамон бо ин изҳороти беасос сафорати Арабистони Саудӣ дар Қоҳира ҳам иддао кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон равишҳои хасмонаро дар минтақа идома медиҳад. Сафорати Арабистон дар Қоҳира рӯзи якшанбе бо судури баёнияе муддаӣ шуд, нооромию бесуботие, ки ҳамакнун дар Яман ҷараён дорад, аз мудохилаи Эрон дар умури Яман бо ҳадафи барҳам задани амнияту суботи минтақа, эҷоди ихтилофҳои гурӯҳӣ ва ба шикаст дучор кардани дастёбӣ ба ҳар гуна роҳҳал барои буҳрони Яман сарчашма мегирад.

Ин кӯшишу талошҳои Арабистон ду ҳадаф роҳбурдиро дунбол мекунад: нахуст он ки Риёз ба дунболи расмият бахшидани ҷанги таҷовузкоронааш дар Яман аст. Арабистон мекӯшад, Эронро сабаби эҷоди бесуботӣ ва афзоиши таниш дар минтақа ва фоҷеа муаррифӣ кунад, ки худ тайи якуним соли ҳамалоташ ба Яман ба вуҷуд овардааст. Аммо ҳадафи дигари Риёз аз ин ҷараёнсозӣ эҷоди шикоф дар равобити Эрон ва дигари кишварҳои арабии ҳамсояи Халиҷи Форс аст. Арабистон ин сиёсатро аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо ҳимоят аз режими Саддом дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон дар дастури кор қарор дод ва бо эҷоди ташаккулҳое, монанди Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва Сипари ҷазира талош кард, Эронро таҳдиди муштараке барои кишварҳои арабӣ нишон диҳад. Ин хати фикрӣ дар мавзӯи ҳастаӣ низ аз сӯйи Риёз дунбол шудааст ва Арабистон то ҷое ки танвонист, бо БАРҶОМ мухолифат кардааст. Дар соири заминаҳо, аз ҷумла дар рақобатҳои нафтӣ бо Эрон дар ОПЕК, ҳатто дар мавзӯи ҳаҷ низ Арабистон ин мавзӯотро ба абзоре барои расидан ба мақсадҳои сиёсии худ табдил кард ва фаҷеаҳое, чун фоҷиаи Миноро дар ҳаҷи соли 2015 рақам зад. Арабистон, дар ҳақиқат, ҳама рӯйкардҳои хусуматомезро бо Теҳрон озмудааст, аммо наметавонад кори зиёде анҷом диҳад.

Сиёсатҳои нобаробару ғайрмантиқии Арабистон кулли минтақаро таҳти таъсир қарор додааст ва ин дар ҳоле аст, ки буҳрони Ховари Миёна (ғарби Осиё), ҷанг дар Сурия, Яман, Ироқ ва буҳронҳои Лубнону Баҳрайн манофеи режими саҳюнситиро таъмин мекунад. Ҳимояти Арабистон аз гурӯҳҳои террористии такфирӣ сабаб шудааст, бештари манотиқи Ховари Миёна ба майдони набарди онҳо табдил шавад. Кишварҳои тобеи Риёз ба ҷойи он ки ба таври мустақим бо терроризм биҷанганд, сарнавишти сиёсии худро ба дасти Арабистон додаанд ва Риёз аз онҳо ба унвони абзори сиёсӣ истифода мекунад. Дар натиҷаи ин сиёсатҳо мушкилоти минтақа шиддат ёфтааст.

Арабистони Саудӣ акнун бо надоштани машрӯияти сиёсӣ дар дохил мувоҷеҳ аст ва мекӯшад, машрӯияти аз дастрафтаашро бо харидани силоҳ дар ҳаҷми зиёд бо баҳонаи мубориза бо таҳдидҳои амниятии Эрон ва сиёсати “мушти оҳанин” дар минтақа ба даст оварад. Риёз барои расидан ба мақсадҳои худ кишварҳои арабии минтақаи Халиҷи Форсро гаравгон гирифтааст ва саъй дорад, бо таблиғи эронҳаросӣ ҷабҳаи ба истилоҳ муттаҳиде алайҳи Эрон ташкил диҳад. Кӯшиши саудиҳо дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ алайҳи Эрон бо пуштвонаи ба истилоҳ муттаҳидони Риёз дунбол мешавад.