Ноябр 21, 2016 18:47 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин таҷаммуъи инсонии ҷаҳон дар Карбало

Шаҳри Карбало дар Ироқ, имрӯз ҳамзамон бо арбаъини ҳусайнӣ, шоҳиди калонтарин ҷамъомади инсонӣ дар дунё буд, ки барои ширкат дар маросими азодории ҳазрати имом Ҳусайн(ъ), аз ҳар сӯи ҷаҳон худро ба ин шаҳр расонданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, шумори зиёди зоирон ва мусулмонон, ки барои ширкат дар маросими азодории арбаъин, роҳии шаҳри муқаддаси Карбало дар Ироқ шудаанд, ҳамчунон вориди шаҳри Карбало мешаванд.

Имсол беш аз 20 миллион нафар аз саросари ҷаҳон дар маросими арбаъини ҳусайнӣ, дар Карбало ширкат кардаанд.

Ҳузури густурдаи ҷамъияти муштоқони зиёрати ҳусайнӣ дар ҳолест, ки террористҳо борҳо зоирони шаҳрҳои муқаддаси Ироқро ҳадаф қарор додаанд.

Бо ин ҳол, ин маросими имсол низ ҳамчун солҳои гузашта дар оромиши комил баргузор шуд.

Мақомоти ироқӣ аз рӯзҳо пеш тадобири амниятии шадидеро дар Карбало барқарор кардаанд.

Арбаъин баробар аст, бо чиҳилумин рӯз пас аз шаҳодати имом Ҳусайн (ъ), набераи Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с).