Дастгирии бародари яке аз асоситарин саркадагони ДИИШ дар Ироқ
Фармондеҳи амалиёти Бағдод аз дастгирии бародари яке аз асоситарин саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷануби ғарбии ин шаҳр хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросн ба нақл аз Эн Ор Ти-и Ироқ, нерӯҳои полиси федероли Ироқ бо ҳамкории нерӯҳои дастгоҳҳои иттилоъотӣ ва амнияти миллӣ ва посгоҳи полиси минтақаи "Ал-Сайдия" дар ҷануби Бағдод як гумонбари ДИИШ-иро тибқи моддаи 1.4 мубориза бо терроризм дар минтақаи "Ал-Сайди" дастгир карданд, ки пас аз таҳқиқоти авалия мушахас шуд, ки ӯ бародари яке аз саркардагони аслии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаи "Ал-Фурот" дар ҷануби ғарбии Бағдод ба шумор меравад.
- Бар асоси ин гузориш нерӯҳои полиси федероли Ироқ тавонистанд дар амалиёти тафтиш ва ҷустуҷу дар маҳали дастгирии ин террорист, миқдори муҳимот ва маводи мунфаҷира кашфу забт кунанд.
- Манобеъи ироқӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни бозрасӣ аз бинои маҳали сукунати мутаҳам дар минтақаи Ал-Карода дар ғарби Бағдод низ якуним килограм маводи мухаддири "Кристал" ба ҳамроҳи як силоҳи камарӣ кашфу забт шуд.
Ироқ дар соли 2017 пас аз 3 сол набард, пирӯзӣ бар гуруҳи террористии ДИИШ-ро эълом кард, аммо унсурҳо ва ҳастаҳои пароканда ва хуфтаи ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунон дар бархе минтақаҳои устонҳои мухталифи Ироқ аз ҷумла "Салоҳиддин" ва "Ал-Анбор" фаъол ҳастанд.