Март 26, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Давлати Саъудӣ  бо  баҳонаи корона қавонини сахтгиронае низ барои ҳузури зоирон дар маросими ҳаҷ ба иҷро гузоштааст
    Давлати Саъудӣ бо баҳонаи корона қавонини сахтгиронае низ барои ҳузури зоирон дар маросими ҳаҷ ба иҷро гузоштааст

Давлати Саъудӣ тасмим гирифт пахши намоз дар расонаҳои ин кишварро дар моҳи мубораки Рамазон мамнӯъ кунад.

Вазорати умури исломии Арабистон дар баёнияе эълом кард, тасмим гирифтааст, аз дурбинҳои мавҷуд дар масҷид барои тасвир бардори ва пахши тасовири имом ҷамоат ва намозгузорон дар ҳангоми адои фарзия истифода накарда ва намозҳоро дар расонаҳо ба ҳеҷ унвон мунташир  накунанд.

Ин нахустинбор нест, ки дар як соли ахир чунин тасмими зидди мазҳабӣ дар Арабистони Саъудӣ гирифта мешавад. Дар июни гузашта вазири умури исломии Арабистон ба ҳамаи масоҷиди ин кишвар дастур дод, ки садои балангӯҳои худро ҳангоми пахши азон  коҳиш диҳанд. Дар ҳамин ҳол масоҷиди Арабистон муҷоз шуданд танҳо азонро пахш кунанд ва ҳаққи пахши садои қироъати Қуръон аз тариқи баландгӯро надоранд. Вазири умури  исломии Арабистон дар дифоъ аз ин тасмим мудаъи шуда буд кӯдакон, афроди солманд ва бемор аз садои баландгӯи масоҷид озор мебинанд.

Акнун Вазорати умури исломии Арабистон дар дастури дигаре пахши намоз дар расонаҳоро мамнуъ  кардааст, то сиёсатҳои зидди мазҳабии он ҳамчунон идома дошта бошад, ин дар ҳоле аст, ки давлати Саъудӣ дар ду соли ахир ба баҳонаи корона қавонини сахтгиронае низ барои ҳузури зоирон дар маросими ҳаҷ ба иҷро гузоштааст.

Ба назар мерасад ин сиёсатҳо ва рафторҳои давлати Саъудӣ, нусхаҳое аст, ки Муҳаммад Бин Салмон дар ҷиҳати мудерн созии ҷомеъаи Арабистон ва фосила гирифтан аз суннатҳо анҷом медиҳанд. Дар воқеъ валиаҳди Саъудӣ на танҳо мубориза бо муфтиҳо ва руҳониёни Арабистони Саъудиро низ пайгири мекунад.

Пеш аз ин Муҳаммад Бин Салмон дар иқдомҳое, ки онро ислоҳоти иҷтимоъӣ номид, муқарарот ва урфҳои ҳоким бар ҷомеъа Арабистони Саъудиро ҳазф кард. Баргузори  консерт бо ҳузури хонандаҳои зани арабӣ ва баргузории рақси занон аз ҷумлаи ин иқдомҳо аст. Нуктаи ҳоизи аҳаммияти ин аст, ки ин иқдомҳо дар ростои чашмандози санади 2030 Арабистон қарор дорад, санаде,ки Бин Салмон муддаъи аст бо иҷрои он Арабистони Саъудӣ ба самти мудерн шудан ҳаракат хоҳад кард.

Бо ин ҳол, ин иқдомҳои Бин Салмон сабаби тағири тадриҷии ҳувияти ҷомеаи Арабистон ва камранг шудани мазҳаб ва мазҳабиён дар сохтори қудратии ин кишвар мешавад. Пойгоҳи хабарии ифшогари Саъудӣ Лиск дар гузорише ифшо кард, ки Бин Салмон дар талош аст дар чашмандози 2030 барои секулоризм кардани ҷомеаи суннатии Арабистон ва тағири тадриҷии ҳувияти ин кишвар тамоми талоши худро ба кор гирад. Бар ҳамин асос Муҳаммад Бин  Салмон  дар ҷаласае бо ҳайати давлати Саъудӣ ба Вазорати умури исломии, таблиғ ва иршоди ин кишвар дастур додааст то барномаҳоеро дар ростои он чӣ  "тасоҳули фикри" дар Арабистон номида мешавад, тадвин кунад. Ҳамчунин дар санади 2030 омадааст, руҳониён ва ҳокими шаръ муазаф шудаанд илова бар тасоҳули иҷтимоъӣ дар таъомул бо аҳли китоб, секулоризм ва тасомуҳ (осон гирифтани корҳо) пиромуни мусиқи, ҷашну синамо, мавзӯъи озодии занон дар рафтори иҷтимоъиро табиин кунанд.

Нуктаи ҳоизи аҳаммияти дигар ин аст, ки Бин Салмон мудаъи аст ин иқдомҳоро ба ҳадафи муқобила бо ифротгароӣ дар Арабистони Саъудӣ анҷом медиҳад. Ин дар ҳоле аст. ки сиёсатҳои Бин Салмон ба хусӯс дар қиболи рақибои хонадон ва фаъолони сиёсии арабистонии авҷи ифротгароӣ буд ,ки акнун сабаби интиқоти густарда аз вай дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст. Воқеъият ин аст, ки Бин Салмон бо маҳдуд кардани мазҳаб талош дорад ба дунболи шакл додани чеҳраи ҷадиде аз худ дар Арабистон ва хориҷ аз он аст ва бар ин бовар аст, ки бо маҳдуд кардани мазҳаб, ҷомеъаи Арабистон ба ҷомеаъи мутарақи табдил хоҳад шуд. мунтақидон ва таҳлигарон муътақид ҳастанд ин иқдомҳо сабаби бӯҳрони ҳувият дар Арабистон хоҳад шуд ва дар амал низ ба таҳкими пояҳои қудрати валиаҳди ҷавон ва ҷӯёи номе мунҷар нахоҳад шуд.

(*Тасоҳули фикри яъне дар мувоҷеҳ бо ақоид ва ҷараёнҳои мухталифи фикрии мухолиф бо мулоимат бархурд кунем ва заминаеро барои изҳори вуҷуд фароҳам оварем ва вуҷудро таксир ва танавуъи ақоид ва афкорро бипазирем.

 

Бештар бихонед:

Барчасп