Март 30, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Тел-Авив дар ваҳшат
    Тел-Авив дар ваҳшат

Дар пайи амалиёти шаҳодатталобонаи як ҷавони фаластинӣ дар шарқи Тел-Авив, расонаҳои саҳюнистӣ аз нигаронӣ ва тарси зиёд аз миёни мақомоти ин режим хабар доданд ва эълом карданд тарсу ноамнӣ хиёбонҳои Тел-Авивро фаро гирифта аст.

Минтақаи Бнай-Брак "Bnei Brak" дар шарқи Тел-Авив сешанбешаб шоҳиди амалиёти муқовиматии Зиё Ҳаморша озодаи фаластиние буд, ки дар пайи он ба шаҳодат расид. Дар ин амалиёт  5 саҳюнист ба ҳалокат расида ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд эҳсоси амният дар Исроил ба камтарин ҳадди худ аз замони амалиёти "Ассурул воқи"  (Девори боздоранда) дар соли 2002 расида аст.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ омодабоши амнияти дар Фаластини ишғоли ва Каронаи Бохтариро ба болотарин сатҳ афзоиш доданд ва ҳамзамон Авив Кохави "Aviv Kochavi", раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ дастури эъзоми 4 гурдони (баталён) дигар аз нерӯҳои артиш ба Каронаи Бохтариро содир кард то теъдоди гурдонҳои мустақар дар ин минтақа ба 8 гурдон афзоиш ёбад.

Шабакаи Ал-Маёдин низ дар ин бора гузориш дод, Исроил ҳамчунон дар ваҳшати ин амалиёти махсус ба сар мебарад ва дар сурати иҷрои амалиёти шаҳодатталобонаи дигар дар Фаластини ишғолӣ эҳтимол дорад кобинаи Нафтали Беннет, нахуствазири режими саҳюнистӣ суқут кунад.

Амалиёти шаҳри Банибарок дар ҳоле сурат гирифт, ки якшанбешаб низ дар амалиёти шаҳодатталобонае дар шаҳри Алхазира дар ҷануби Ҳайфо воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолӣ 2 низомии саҳюнистӣ кушта ва 12 тани дигар захми шуданд.

Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин бо истиқбол аз ин амалиётҳо онро посухе ба ҷинояти саҳюнистҳо эълом намуда ва таъкид карданд то замоне, ки ҷинояти саҳюнистҳо дар ҳаққи мардуми Фаластин идома дорад, амалиёти зидди саҳюнистии мардуми Фаластин низ идома хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп