Июл 26, 2016 16:38 Asia/Dushanbe
  • Шиддат гирифтани хушунати режими саҳюнистӣ зидди кӯдакони фаластинӣ

Парлумони режими саҳюнистӣ пешнависи қонуни ҳабси кӯдакони зери 14 солро тасвиб кард.

Ба иттилои хабаргузории Қудс, Парлумони режими саҳюнистӣ (Кнессет) пешнависи қонуни ҳабси кӯдакони зери 14 солро, ки аз сӯи Иллит Шакид, вазири додгустарии ин режим ба Кнессет пешниҳод шуда буд, тасвиб кард.

Бино бар эъломи расонаҳоисаҳюнистӣ, бар асоси ин қонун додгоҳҳоисаҳюнистӣ метавонанд кӯдаконеро, ки синни онҳо ба 14 сол нарасидааст, чунончи муртакиби тахаллуф ё муттаҳам ба амалиёти зидд саҳюнистӣ шаванд, ба сурати муваққат ва ба муддати се сол дар як макони баста тавқиф ё боздошт кунанд ва замоне, ки синни ин кӯдакон ба 14 сол бирасад, ононро ба зиндон интиқол диҳанд.

Шодӣ Фарроҳ, ки танҳо 12 сол дорад, кӯчактарин асири ҷаҳон аст, ки дар зиндони режими саҳюнистӣ маҳбус аст.

Пештар Фарҳони Ҳақ, сухангуи Созмони милали муттаҳид бо ибрози нигаронӣ аз густариши хушунати режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён гуфта буд, ин созмон дар бораи ин хушунатҳо бавижа хушунати зидди кӯдакони фаластинӣ таҳқиқ хоҳад кард .