Апрел 04, 2022 12:51 Asia/Dushanbe
  • Аммори Ҳаким: Дар давлати баъдии Ироқ мушорикат нахоҳем кард

Раиси ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ аз ширкат накардан дар давлати баъдии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Алғадир”, Аммори Ҳаким, раиси ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ бо баёни ин ки мо дар давлати баъдӣ ширкат нахоҳем кард, гуфт, исрори мо бар музокираву нишастан ба пойи мизи музокира ва баҳсу гуфтугӯ дар бораи созукорҳои мудирияти давлати ҷадид аст.

Аммори Ҳаким афзуд: Мо исрор дорем, ки барои гуфтугӯ ва тафоҳум пушти мизи музокира бинишинем ва дар бораи механизми мудирияти давлати ҷадид баҳс кунем.

Ҳаким тавозуну таодулро шарти лозим барои муваффақияти ҳар эътилофи сиёсӣ дар Ироқ донист ва гуфт: Мо бояд ба ихтилофоти сиёсии худ поён диҳем ва ба самти манофеи муштарак пеш биравем.

Ҷараёни Садри Ироқ тайи интихоботи ахир муваффақ шуд бо касби 73 курсӣ аз асли 329 курсии порлумонӣ дар садр қарор гирад ва пас аз он эътилофи суннии Тақаддум бо 37 курсӣ ва эътилофи Давлатулқонун бо 33 курсӣ, Ҳизби демократи Курдистони Ироқ бо 31 курсӣ, эътилофи Курдистон ва эътилофи Алфатҳ ба раҳбарии Ҳодӣ Аломирӣ бо 17 курсӣ дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.