Муаррифии раиси собиқи Додгустарии Покистон барои вазифаи нахуствазирии муваққат
(last modified Tue, 05 Apr 2022 12:13:29 GMT )
Апрел 05, 2022 17:13 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии раиси собиқи Додгустарии Покистон барои вазифаи нахуствазирии муваққат
    Муаррифии раиси собиқи Додгустарии Покистон барои вазифаи нахуствазирии муваққат

Имрон Хон, раиси собиқи Додгустарии Покистонро ба унвони гузинаи пешниҳодӣ барои вазифаи нахуствазирии муваққати ин кишвар муаррифӣ кард.

Паз аз дархости раиси ҷумҳурии Покистон аз Имрон Хон ва Шаҳбоз Шариф барои муаррифии гузинаи худ барои нахуствазирии муваққат, Имрон Хон, Гулзор Аҳмадро барои ин вазифа муаррифӣ кард.

Гулзор Аҳмад кист?

Гулзор Аҳмад, ки дар 21 декабри соли 2019 ба унвони бистуҳафтумин раиси Додгустарии Покистон савганд ёд кард, дар 2 феврали соли 1957 дар Карочи, дар хонаводаи Нурмуҳаммад, вакили барҷастаи покистонӣ мутаввалид шуд.

Аҳмад то феврали соли 2022 ба унвони раиси Додгустарии Покистон хидмат кардааст.

Бар асоси сомонаи Девони олии Покистон, таҳсилоти ибтидоии ӯ аз мактаби Гулистони ин шаҳр буд, сипас мадраки лисонси ҳунарро аз Коллеҷи миллии давлатии Карочи гирифт ва пас аз он мадраки ҳуқуқи худро аз Донишкадаи ҳуқуқи Карочи дарёфт кард.

Вай дар 18 январи соли 1986 ба унвони вакил сабти ном кард ва дар апрели соли 1988 ба Девони олӣ пайваст.

Гулзор Аҳмад дар 15 сентябри соли 2001 низ ба унвони вакили Девони олии Покистон таъйин шуд.

Қозӣ Аҳмад дар соли 1999 - 2000 ба унвони дабири ифтихории Конуни вакилони Додгоҳи олии санад дар Карочи интихоб шуд ва дар давоми фаъолияти ҳуқуқии худ бештар дар симати маданӣ - ширкатӣ боқӣ монд ва ба унвони мушовири ҳуқуқӣ барои ширкатҳо, бонкҳо ва муасисаҳои молии чандмиллатӣ ва маҳаллии зиёд кор кард.

Аҳмад дар 27 августи соли 2002 ба унвони қозии Додгоҳи олии санад интихоб шуд ва дар охири соли 2011 низ ба Додгоҳи олӣ иртиқо ёфт.

Раиси собиқи Додгустарии Покистон ҳамчун ҷузъи ҳайати 5 нафараи қазоӣ буд. Навоз Шариф, нахуствазири вақти Покистонро дар робита бо парвандаи асноди Панама радди салоҳият кард ва дар ҳукми ақалият назари мухолифро навишт.

Гулзор Аҳмад пеш аз ин низ Қозӣ Фоиз Исоро аз расидагӣ ба парвандаҳои марбут ба Имрон Хон манъ карда буд.

Вай далели ин иқдомро ин тавр эълом карда буд, ки ин қозӣ пештар ба сурати шахсӣ додхостеро зидди Имрон Хон дар бораи тарҳи пешниҳодӣ барои тақсими 500 миллион рупия будҷаи тавсеаӣ барои ҳар як қонунгузори узви ҳизби Таҳрики Инсоф дар Парлумони ин кишварро ироа карда буд.