Апрел 09, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Шоки ҷадид ба тими миллии Арабистон қабл аз Ҷоми Ҷаҳонӣ
    Шоки ҷадид ба тими миллии Арабистон қабл аз Ҷоми Ҷаҳонӣ

Ситораи Алҳилол ва тими миллии Арабистон ба далели масдумият, рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатарро аз даст дод.

Тими футболи Алҳилол бомдоди рӯзи шанбе дар аввалин бозии худ аз марҳалаи гуруҳии лиги қаҳрамонии Осиё ба масофи Шорҷаи Аморот рафт ва бо натиҷаи 2 бар 1 ба пирӯзи расид.

Дар ин бози зарбаи бузург бар пайкари тими миллии Арабистон ва Алҳилол ворид шуд. Солеҳ Ал-Шаҳрӣ муҳоҷими миллӣ пуши Алҳилолиҳо дар ин дидор ба шиддат масдум шуд ва бо ёрии таъҷили аз замини бози хориҷ шуд.

Нашрияи Ал-Риёзи  Арабистон дар заминаи ҷузиёти масдумии ситораи тими миллии Арабистон навиш: Ал-Шаҳрӣ аз қисмати пояш дучори шикастагӣ шуд ва ҳадиақал 7 моҳ аз майдонҳо дур аст.

Ба ин тартиб ситораи арабистонӣ, рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатарро аз даст дод, пеш аз ин ҳам Фаҳад Ал-Мавлуд бозикуни миллӣ пуши Ал-Иттиҳод допинг истифода кард ва ин рақобатҳоро аз даст дод.

 

Барчасп