Апрел 13, 2022 10:42 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи Саъӯди дар шабона рӯзи гузашта бо ҳамалоти тупхонаӣ ва ракетӣ 71 бор оташбаси иддаои дар устони Алҳадидаи ғарбӣ Яманро нақз карданд
    Эътилофи Саъӯди дар шабона рӯзи гузашта бо ҳамалоти тупхонаӣ ва ракетӣ 71 бор оташбаси иддаои дар устони Алҳадидаи ғарбӣ Яманро нақз карданд

Манбаи расонаӣ аз идомаи оташбас дар устони Алҳадида аз сӯйи Эътилофи таҷовузи Саъӯди хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбе  Алмасира, нерӯҳҳои вобаста ба Эътилофи Саъӯди дар шабона рӯзи гузашта бо ҳамалоти тупхонаӣ ва ракетӣ 71 бор оташбаси иддаои дар устони Алҳадидаи ғарбӣ Яманро нақз карданд.

Маҳди Алмашот раиси Шӯрои олии сиёсатӣ Яман дар дидор бо Ҳонс Грондберг намояндаи Созмони Миллал дар умри Яман гуфт: Мо алоқамандем, ки намояндаи Созмони Миллал ва тими ӯ дар масири дурус барои муваффақияти талошҳои тавофуқ шуда мутобиқ бо оташбас талош кунанд.

Ҷангафрузи Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта ва захми шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шудааст.

Таҷвузи низомии Арабистон ҳамчунин беш аз 85 дарсад зерсохтҳои Яманро тархиб ва ин кишвар бо камбуди шаддиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.

Барчасп