Амалиёти нави Алқоида дар ҷануби Яман
(last modified Sun, 17 Apr 2022 16:07:48 GMT )
Апрел 17, 2022 21:07 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти нави Алқоида дар ҷануби Яман
    Амалиёти нави Алқоида дар ҷануби Яман

Гуруҳи террористии Алқоида бархилофи инкори эътилофи Саъудӣ, ки муддаӣ шуд ин гуруҳ дар ҷануби Яман ҳузур надорад, бо анҷоми амалиёт дар шарқи Адан бар тадовуми ҳузури худ таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хурсон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Хабару Ал-Яманӣ гуруҳи террористии Алқоида рӯзи шанбе амалиёти ҷадидро дар устони Абин ҷануби Яман ва дар талош барои таъкиди густариши ҳузур дар дарвозаи шарқии Адан анҷом дод; устоне, ки дар кантроли эътилофи саъудӣ-аморотӣ аст.

Манобеъи маҳаллӣ гуфтанд, ки аъзои ин гуруҳи террористӣ мустақар дар минтақаи Ал-Маъҷала ду мошини ёрии таъҷилиро дар ҳоле, ки аз Адан ба Шабу дар ҳаракат буданд мутавақиф карданд. Сарнавишти афроди мошини ёрии таъҷили то кунун мушахас нашуда аст.

Тасаллути комили нерӯҳои яманӣ бар муҳимтарин пойгоҳи Алқоида дар ҷануби Маариб

Эътирофи алании Алқоида ба ҳамроҳӣ бо эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яман

Амрико дар Яман бо Ал-Қоида тамос дорад

Ин дуввумин амалиёти террористиҳои Алқоида дар камтар аз як ҳафта аст, ки анҷом шуд. Он ҳам дар замоне, ки ҷиноҳҳои вафодор ба эътилофи саъудии мутаҷовиз ба Яман талош мекунанд вуҷуд ин гуруҳи террористӣ ва нишонаҳои фаъолияти онро рад кунанд.