Май 02, 2022 18:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба фаластиниён пас аз намози иди Фитр
    Ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба фаластиниён пас аз намози иди Фитр

Низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ пас аз иқомаи намози иди Фитр дар шаҳраки Наълайн дар ғарби Ромуллоҳ ба намозгузорони фаластинӣ ҳамла карданд.

Рӯзи гузашта 17 кишвари арабӣ ва исломӣ аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Аморот, Фаластин, Яман, Миср, Лубнон, Либи, Тунис, Девони Авқофи сунии Ироқ, Судон, Туркия, Алҷазоир, Сурия, Муритонӣ, рӯзи душанберо рӯзи аввали моҳи шавол ва иди саиди Фитр эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Фаластин Ал-Явм, низомиёни ишғолгари саҳюнист дар ин ҳамла бо шилики гулула ва газҳои ашковар иқдом ба саркубии фаластиниён карданд, ки дар он 3 ҷавони фаластинӣ захми шуданд.

Ин ҳамлаи саҳюнистҳо дар ҳоли сурат гирифт, ки алорағми тадовуми амнитии шадиди режими саҳюнистӣ барои пешгири аз вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсо имрӯз 300 ҳазор фаластинӣ бо ҳузур дар ин масҷид иқдом ба иқомаи намози иди Фитр карданд.

Ҳузури густардаи фаластиниён дар Масҷидулақсо барои иқомаи намози иди Фитр боис шуд, ки саҳюнисҳо тамоми талоши худро барои монеъ шудан аз вуруди онҳо ба ин масҷид ба кор бигиранд.