Май 22, 2022 09:40 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саъӯдӣ 134 бор оташбас дар Яманро поймол кард

Як манбаи низомии Яман аз идомаи поймолшавии оташбас дар ин кишвар аз сӯи эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ хабар дод .

Оташбас дар Яман аз дувуми апрел иҷроӣ шуда, аммо эътилофи саъӯдӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як манбаи низомии Яман шанбешаб дар гуфтугӯ бо  шабакаи Алмасираи Яман эълом кард: Мутаҷовизони саъӯдӣ ва муздурони онҳо таи 24 соъати гузашта 134 бор оташбас дар Яманро нақз кардаанд .
Бар асоси эъломи ин манбаи низомӣ мавориди нақзи оташбас шомили парвози ҷангандаҳо ва ҳавопаймоҳои ҷосӯсӣ ва низ ҳамалоти тӯпхонаӣ ва ракетӣ ва ҳамчунин тирандозӣ ба сӯи аҳдофе дар устонҳои гуногуни Яман будааст .

Ҳанс Грундберг-намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид ҷумъа, якуми апрел аз барқарории оташбаси 2 моҳа дар Яман хабар дод .
Грундберг дар як нишасти хабарӣ эълом кард давлати наҷоти миллии Яман ва эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ ба пешниҳоди Созмони Милал барои барқарории як оташбаси 2 моҳа ки аз соъати 19 рӯзи шанбе дувуми аврел иҷроӣ мешавад, посухи мусбат додаанд .
Намояндаи вижаи Созмони Милал дар умӯри Яман хотирнишон кард ҳадаф аз ин оташбас додани фурсат ба мардуми Яман барои раҳоӣ аз хушунат, ранҷ ва муҳимтар аз ҳама эҷоди умед барои поён ёфтани ҷанг дар ин кишвар аст .
Дар ҳамин росто мақомоти Яман зимни истиқбол аз эъломи оташбаси инсонии 2 моҳа тавассути намояндаи вижаи Созмони Милал хотирнишон карданд то замоне, ки тарафи муқобил ба оташбас пойбанд бошадманиҳо низ ба таваққуфи комили амалиёти низомӣ пойбанд хоҳанд монд.

 

Барчасп