Май 25, 2022 10:04 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии садҳо баҳрайнӣ дар эъломи ҳамбастагӣ бо шайх Исо Қосим

Садҳо баҳрайнӣ ба муносибати панҷумин солрӯзи ҳамлаи маъмурони амниятӣ ба эътирози мусолиматомези ҳомиёни шайх Исо Қосим, раҳбари наҳзати исломии Баҳрайн дар шаҳраки Аддароз, барои эъломи ҳамбастагӣ бо ӯ роҳпаймоӣ карданд.

Бистусеюми моҳи майи соли 2017 маъмурони режими Оли Халифа бо ҳамла ба эътирози мусолиматомези шаҳрвандони баҳрайнӣ дар майдони Алфадои шаҳраки шианишини Аддароз, ки барои эъломи ҳимояту ҳамбастагӣ бо шайх Исо Қосим дар наздики манзили вай баргузор шуда буд, 285 нафарро боздошт ва панҷ нафарро ба шаҳодат расонданд.

Садҳо нафар аз мардуми Баҳрайн шомгоҳи душанбе ба муносибати панҷумин солрӯзи фоҷеаи Аддароз бо роҳпаймоӣ то муқобили манзили шайх Исо Қосим дар шаҳраки шианишини Аддароз, дар шимоли ғарби Баҳрайн, ҳамбастагии худро бо раҳбари маънавии инқилобии худ эълом карданд.

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ бо ҳамли овезаҳову порчанавиштаҳо ва сар додани шиор зимни эъломи ҳимоят аз шайх Исо Қосим, иштиёқи худро барои бозгашти ӯ ба ватан нишон доданд ва бо раҳбари инқилоби худу шуҳадои фоҷеаи Аддароз ва дигари шуҳадои инқилоби Баҳрайн таҷдиди паймон карданд.

Анҷумани миллии исломии “Алвифоқ” –и Баҳрайн ҳам ба муносибати солрӯзи фоҷеаи Аддароз дар паёме, ки дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер мунташир шудааст, гуфт, шуҳадои фоҷеаи Аддароз бузургтарин гувоҳ бар маҷмуаи ҷароими бузурге ҳастанд, ки режими Оли Халифа алайҳи миллати Баҳрайн муртакиб мешавад.

Ин анҷуман бо ишора ба куштори ғайриқонунӣ ва поксозии мазҳабӣ ва набуди ҳокимияти қонун ва ҳамдастии дастгоҳи қазоии фосиди Баҳрайн бо режими Оли Халифа дар Баҳрайн гуфт, амният дар Баҳрайн комилан тоифаӣ аст ва ҳукумат ба муқобила бо миллат идома медиҳад.