Тааррузи дубораи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо
Садҳо шаҳракнишини ифротии режими саҳюнистӣ бо пуштибонӣ ва ҳифозати низомиёни ин режим, ба саҳнҳои Масҷидулақсо таарруз карданд.
Ба гузориши хабаргузории фаластинии «Шаҳоб», садҳо шаҳракнишини саҳюнист ҷумъа ба Масҷидулақсо юриш бурданду маросими таламмудиро дар наздикии «Бобуасбот» баргузор карданд.
Бар асоси ин гузориш, полис ва низомиёни саҳюнист барои анҷоми ин маросим аз шаҳракнишинони ифротӣ ҳифозат карданд.
Якшанбеи гузашта низ ҳазорон шаҳракнишин дар миёни ҳифозату тадобири амниятии шадиди неруҳои ишғолгар ба Масҷидулақсо юриш бурданд.
Шаҳри Қудс, ки Масҷидулақсо нахустин қиблаи мусулмононро дар худ ҷо дода, бахши ҷудоинопазири Фаластин ва аз муҳимтарин маконҳои сегонаи муқаддаси исломӣ ба шумор меояд.