Идомаи тавқифи нафткашҳои яманӣ тавассути Эътилофи саудӣ
Июн 15, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
Ширкати нафти Яман аз тавқифи як нафткаши дигари худ тавассути Эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар дод.
Ширкати нафти Яман эълом кард, Эътилофи мутаҷовизи саудӣ киштии "Принсесса Ҳалима" -ро бо вуҷуди бозрасии он ва дарёфти муҷаввизи вуруд ба Яман аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид тавқиф кардааст.
Бар асоси ин гузориш, ин киштии яманӣ ҳомили 23 ҳазору 920 тон бензин будааст.
Тавқифи нафткаши Яман ва надодани иҷоза ба он барои вуруд ба обҳои ин кишвар аз мавориди нақзи оташбаси эъломшуда аз сӯи СММ ба шумор меравад.
- Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
- Давлати наҷоти миллии Яман: Таҳрими Ансоруллоҳ, яъне Амрико ба дунболи сулҳ дар Яман нест
Бо вуҷуди нақзи мукаррари ин оташбаси тавассути Эътилофи Саудӣ, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман 12 хурдодмоҳ аз тамдиди думоҳаи оташбас дар Яман хабар дод.
Барчасп