Июн 19, 2022 09:50 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ : Оташбас бидуни бозгушоии бандарҳо маъное надорад

Муовини дифоӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфт: Идомаи оташбаси Яман бидуни бозгушоии бандарҳо, пардохти маоши кормандон,бозгушоии фурудгоҳҳо беасос аст ва миллати Яман барои таъмини ҳуқуқи худ исрор доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Ҷалол Арравишон-муовини дифоӣ ва амниятии нахуствазири Яман шанбешаб дар хусӯси тамдиди оташбаси думоҳаи Созмони Миллали Муттаҳид дар кишвараш гуфт: Агар нақзи оташбас тавассути кишварҳои мутаҷовизи Яман идома пайдо кунад ва онон ба ин оташбас мутаъаҳҳид набошанд, мардуми Яман чизеро аз даст намедиҳанд .
Арравишон таъкид кард: Миллати Яман наметавонад оташбаси нақзшударо бипазирад; Ҳарчанд ки мардум ва неруҳои мусаллаҳи Яман ба ин оташбас ва эътибори мутаҷовизон такя надоранд .
Ин мақоми яманӣ тамаркузи неруҳои ин кишварро дар пазириши оташбас бар рафъ шудани дарду ранҷи миллати Яман донист ва тасреҳ кард, ки кишварҳои мутаҷовиз ба оташбас ба сурати матлуб пойбанд набуда ва миллати Яман инро ба хубӣ медонад.
Арравишон гуфт: Ҷаҳониён шоҳид ҳастанд, ки мусофирони фурудгоҳи Санъоро беморон, солхурдагон, занону кудакон ташкил медиҳанд ва ин шоҳиде бар муътабар будани дархости Яман барои бозгушоии фурудгоҳ аст .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.