Инҳидоми 6 махфигоҳи ДИИШ дар маркази Ироқ
Нирӯҳои амниятӣ ва низомии Ироқ дар як амалиёти иттилоотӣ ва майдонӣ, шаш махфигоҳи террористҳои ДИИШ-ро дар устони Салоҳиддин кашф ва мунҳадим карданд.
Унсурҳои боқимондаи гуруҳи террористии ДИИШ ҳануз дар манотиқе аз устонҳои Бағдод, Салоҳиддин, Диёла, Каркӯк, Найнаво ва Ал Анбори Ироқ фаъолият доранд.
Нирӯҳои амниятии Ироқ ҳамвора барои итминон аз зуҳӯр наёфтани дубораи ДИИШ ва унсурҳои фирории он, ба ҷустуҷӯ, поксозӣ ва таъқиби бақоёи ин гуруҳи террористӣ дар саросари кишвар идома медиҳанд.
Нирӯҳои фармондиҳии вокуниши сареъи вобаста ба вазорати кишвари Ироқ дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо нирӯи ҳавоии ин кишвар дар як амалиёти густарда дар шарқи устони Салоҳиддин, шаш махфигоҳи террористҳои ДИИШ-ро кашф ва мунҳадим шуд.
Бар асоси ин гузориш, дар махфигоҳҳои террористҳои ДИИШ, мақодире таҷҳизоти иртиботӣ, маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти пуштибонӣ ва маводи мунфаҷира ёфт шуд ва нирӯҳои тахриб низ иқдом ба инфиҷори маводи мунфаҷира дар ин он карданд.
Аз сӯи дигар фармондиҳии амалиёти «Фуроти марказӣ» дар нирӯи басиҷи мардумии Ироқ хабар дод, нирӯҳои ин ниҳоди мардумии иқдом ба поксозии 160 километр барои таъмини масири ҳоҷиён дар биёбонҳои мунтаҳӣ ба марзи Арабистон кардаанд.
Артиш ва нирӯҳои низомии Ироқ бавижа Созмони басиҷи мардумӣ аз замони шикасти ДИИШ дар соли 2017 ҳамчунон ба таъқибу шикори унсурҳои бозмондаи ин гурӯҳи террористӣ машғӯл ҳастанд, ки ҳар аз гоҳ даст ба шабехун ва анҷоми амалиёт алайҳи шаҳрвандон ва нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мезананд.