Июн 25, 2022 20:20 Asia/Dushanbe
  • Мидел ист ниюс: Нахуствазири Ироқ фардо ба Теҳрон сафар мекунад
    Мидел ист ниюс: Нахуствазири Ироқ фардо ба Теҳрон сафар мекунад

Сомонаи Мидел ист ниюс хабар дод: Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи якшанбе барои дидор бо мақомоти Эрон ба Теҳрон сафар мекунад.

Сомонаи Мидел ист ниюз имрӯз шанбе ба нақл аз як манбаъи огоҳ эълом кард: Мустафо Алкозимӣ дар сафари аз пеш эълом нашуда вориди Теҳрон хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ ҷузиёти аз муддати сафари Мустафо Алкозими ва дастури кори ин сафар эълом нашуда аст.

Пештар вазири фарҳанги Ироқ эълом кард, ки давлати ин кишвар тасмим гирифт марзҳои заминиро барои пазироӣ аз зоирони маконҳои муқаддас боз кунад, ба гуфтаи у аз ҳамакнун дар ҳоли омода шудан барои маросими Арбаъин ва вуруди зоирони миллиони ҳастем, бо тарафи эронӣ дар бораи вуруди зоирон ба маконҳои муқаддас тафоҳумнома ҳосил шуда аст.

Аз сӯи дигар Саиди Хатизбоза, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нишасти хабари 20 июн дар бораи қарзи Ироқ ва пулҳои булукашудаи Эрон дар ин кишвар изҳори нзара карда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати барқи Ироқ имрӯз эълом кард, ки қарзҳои батаъир уфтодаи Эрон бобати воридоти энергетика пардохт шуд ва Бағдод дар ҳоли ройзани барои афзоиши воридоти газ аз Эрон аст.

 

Бештар бихонед:

Содироти 9.5 миллиард долларии Эрон ба Ироқ

Барчасп