Июн 26, 2022 17:48 Asia/Dushanbe
  • Мустафо Алкозимӣ вориди Теҳрон шуд
    Мустафо Алкозимӣ вориди Теҳрон шуд

Нахуствазири Ироқ дар сафари расмӣ ва дар сарварии як ҳайати баландпоя вориди Теҳрон шуд.

Мустафо Алкозимӣ, нахуствазири Ироқ ду ҳафта баъд аз баргузории конфронси Бағдод ва як моҳ монда ба баргузории интихоботи зудҳангоми парлумонии ин кишвар имрӯз якшанбе дар сарварии ҳайати сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд то дар мавриди чандин дастури кори муҳим бо мақомоти эронӣ ройзанӣ ва гуфтугӯ кунад.

Пайгирии ҳадафҳои нишасти Бағдод, масъалаи табодули энергетика миёни ду кишвар, идомаи гуфтугӯҳо миёни Эрон ва Арабистон дар Бағдод, мавзуъи амният ва ҳамкориҳои муштарак байни ду кишвар ҷиҳати мубориза бо гуруҳҳои террористӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои ин сафар хоҳад буд.

Эрон низ афзоиши саҳмияи дар маросими роҳпаймоӣ Арбаъини Ҳусейнӣ дар Ироқ ва ҳамчунин масоили ҳуқуқии терори генерал Сулаймониро пайгири мекунад.

 

Барчасп