Ҳамлаи Арабистон ба яманиҳо бо бомбаҳои мамнуъшуда
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i8782-Ҳамлаи_Арабистон_ба_яманиҳо_бо_бомбаҳои_мамнуъшуда
Ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими Саудӣ ба мардуми Яман бо бомбаҳои хушаӣ ҳамчунон идома дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 30, 2016 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Арабистон ба яманиҳо бо бомбаҳои мамнуъшуда

Ҳамлаҳои ҷинояткоронаи режими Саудӣ ба мардуми Яман бо бомбаҳои хушаӣ ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСНИМ, ҷангандаҳои режими Саудӣ бори дигар рӯзи чаҳоршанбе бо бомбаҳои хушаӣ ба шаҳри Сирвоҳ дар вилояти Маъриб дар маркази Яман ҳамла карданд.

Бо вуҷуди интишори аснод ва мадорики ин ҳамлаҳои ҷинояткоронаи Арабистон ба Яман, ки бо ҳадафи куштори ҳарчи бештари ғайринизомиён анҷом мешавад, ҳимоятҳои таслиҳотии Ғарб аз Арабистон ҳамчунон идома дорад.

Муҳиммот ва ҷангафзорҳои хушаӣ ҳомили даҳҳо ва ё садҳо бомба ҳастанд, ки баъд аз пароканда шудан дар минтақае васеъ, ки ба густурдагии як майдони футбол аст, мунфаҷир мешаванд. Бисёре аз ин хушабомбаҳо мунфаҷир намешванд ва он минтақаро ба як майдони мина табдил мекунанд.

Ҳамчунин дар ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои мутаҷовизони Саудӣ ба минтақа Шадо дар вилояти Саъда, шимоли Яман чаҳор яманӣ шаҳид ва се ғайринизомӣ низ захмӣ шуданд.

Куштори густурдаи мардуми Яман аз сӯи режими Оли Сауд мавҷе аз бадбиниҳои ҷаҳониро алайҳи ин режими ҷинояткор дар пай доштааст.