Нақзи оташбаси Яман тавассути ,Эътилофи Саъудӣ
(last modified Thu, 30 Jun 2022 07:36:17 GMT )
Июн 30, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • ангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яманӣ мунҷар шудааст
    ангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яманӣ мунҷар шудааст

Эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ бо идомаи таҷовузи низомӣ ба Яман, дар 24 соати гузашта 150 бор оташбаси Яманро нақз кард.

Ба пешниҳоди Созмони Миллали Муттаҳид оташбаси ду моҳа аз дувуми апрели байни давлати наҷоти миллии Яман ва Эътилофи Саъудӣ барқарор ва дуввуми июн барои ду моҳи дигар тамдид шуд.

Ин оташбаси Яман борҳо аз сӯйи Эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ нақз шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, Эътилофи Саъудӣ рӯзи панҷшанбе бо анҷоми парвозҳои таҷасусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Алҷуф, Албайзоъ, Маъриб, Ҳаҷҷа, Золеъ, Саъда ва меъварҳои марзии оташбаси Созмони Миллали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни Эътилофи Саъудӣ мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардуми ва ҳамчунин манозили маскунии шаҳрвандони яманӣ дар устонҳои Маъриб, Таъз, Албайзоъ, Ҳаҷҷа, Саъда, Золеъ , ва Ҷибронро ҳадафи ҳамалоти сангини тубхонаӣ, ракети ва хумпораӣ қарор додаанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.  Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яманӣ мунҷар шудааст.