Июл 09, 2022 16:22 Asia/Dushanbe
  • Юриши дубораи низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ руди Урдун
    Юриши дубораи низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ руди Урдун

Низомиёни режими ишғолгари саҳюнистӣ ҷумъа шаб бо юриш ба чанд минитақа дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун даҳҳо фаластиниро захми карданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо юриш ба рустои Байти Деҷен дар шарқ ва шаҳраки Бито дар ҷануби Наблус дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун бо фаластиниҳо даргир шуданд.

Бар асоси эъломи манобеъи фаластинӣ низомиёни режими саҳюнист дар ҷараёни ин юриш аз гази ашковар истифода карданд, ки дар натиҷаи он 16 фаластинӣ дучори ҳолати хафаги шуданд.

Дар деҳаи Кафарқудум дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун низ як ҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи пелостикии низоминёи саҳюнист аз ноҳияи сар маҷруҳ шуд, ҳамчунин чанд фаластини ҳам дар пайи истифодаи низомиёни ишғолгар аз гази ашковар дучори ҳолати хафагӣ шуданд.

Ин даргириҳо дар пайи юриши низомиёни ишғолгар ба тазоҳуроти фаластиниҳо дар мухолифат бо шаҳраксозиҳо, ки аз маркази Кафарқудум оғоз шуда буд сурат гирифт.

Режими саҳюнистӣ ҳамвора бетаваҷуҳи ба хости ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин идома медиҳад ва дар ин замина ҳимояти Амрикоро бо худ дорад.

Тамоми ин шаҳракҳо бар асоси қавонини байналмиллалӣ ғайри қонуни ҳастанд.