Декабр 01, 2016 12:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин ва Эрдуғон бар зарурати оташбас дар Ҳалаб

Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия дар бораи зарурати барқарории оташбас дар Ҳалаби Сурия тавофуқ карданд.

Ба гузориши Пресс тв, манобеи огоҳ дар дафтари раёсатҷумҳурии Туркия эълом карданд, Эрдуғон рӯзи чаҳоршанбе сеюмин бор дар як ҳафтаи ахир бо Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. 

Путин ва Эрдуғон дар ин гуфтугӯи телефонӣ, дар бораи шароити Ҳалаб гуфтугӯ ва бар лузуми барқарории оташбас дар ин шаҳр таъкид карданд.

Раисони ҷумҳурии Русия ва Туркия ҳамчунин дар бораи лузуми афзоиши талошҳо барои таваққуфи хусуматҳо ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба шаҳри Ҳалаб тавофуқ карданд.

Русия яке аз муҳиммтарин ҳомиёни давлати Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия буда ва ин дар ҳоле аст, ки Туркия аз мухолифони давлати Димишқ ҳимоят мекунад.

Ин гуфтугӯи телефонӣ дар ҳоле анҷом шуд, ки нерӯҳои урдуи Сурия дар ҳафтаҳои ахир ба муваффақиятҳои чашмгире дар Ҳалаб дастёфтанд ва муваффақ шуданд, манотиқи густурдаеро дар ҷанубу шарқ ва шимолу шарқи Ҳалаб аз ишғоли гурӯҳҳои террористӣ озод кунанд.

 

Барчасп