Амрико 40 танкери нафти Сурияро ба шимоли Ироқ мунтақил кард
Низомиёни ишғолгари Амрико дар идомаи дуздии сармояҳои миллии миллати Сурия 40 танкери нафти дуздидашудаи ин кишварро ба шимоли Ироқ қочоқ карданд.
Неруҳои ишғолгари Амрико бо ҳамкории ниманизомиёни курди Сурия мавсум ба « ҚСД » контроли бештари майдонҳои нафтӣ дар минтақаи Ҷазираи Сурияро барои сирқати он ба уҳда доранд ва дар моҳҳои ахир бо чандин мошини ҳомили силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ вориди манотиқи нафтии Сурия шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории давлатии Сурия, ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ неруҳои ишғолгари Амрико корвони муташаккил аз 40 худрав ва танкери пур аз нафти дуздидашудаи Сурия ва низ мошини ҳомили таҷҳизоти низомиро аз тариқи гузаргоҳи ғайриқонунии « Алвалид » ба самти шимоли Ироқ мунтақил карданд .
Манобеи мазкур таъкид карданд худравҳои зиреҳии неруҳои ишғолгари Амрико низ ин корвонро ҳамроҳӣ карданд.
Пеш аз ин Мазлуми Абдӣ-фармондеҳи ниманизомиёни неруҳои демократии Сурия эълом карданд, ки ин гуруҳ бо як ширкати нафтии амрикоӣ қарордоди нафтӣ бастааст .