Маъюб шудани ҳудуди 3 миллион сурӣ бар асари ҷанг
(last modified Sat, 03 Dec 2016 07:31:53 GMT )
Декабр 03, 2016 12:31 Asia/Dushanbe
  • Маъюб шудани ҳудуди 3 миллион сурӣ бар асари ҷанг

Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише эълом кард, дар даврони ҷанги панҷсолаи Сурия 2 миллиону 800 ҳазор сурӣ ба далели даргириҳо дар ин кишвар маъюб шудааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар гузориши Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, бинобар даргириҳо дар ин кишвар ҳар моҳ 30 ҳазор сурӣ дучори садамаҳои равонӣ мешавад ва 2 миллиону 800 ҳазор нафар низ маъюб шудааст.

Ин гузориш бо ишора ба вуҷуди ҳудуди ҳафт миллион кӯдаки бебизоат дар Сурия меафзояд, як миллиону 700 ҳазор кӯдак низ аз омӯзиш маҳрум аст ва аз се як қисми мактабҳои ин кишвар дар натиҷаи даргириҳо таътил шудааст.

Дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид аз ниёзи 13,5 миллион нафар дар Сурия ба кӯмакҳои инсонӣ хабар дода, таъкид кардааст, ниме аз мардуми Сурия аз оғози даргириҳо дар соли 2011 хона ва кошонаи худро тарк кардаанд ва ниёзманди паноҳгоҳ ҳастанд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти бархе кишварҳои ғарбию арабӣ барои сарнагун кардани давлати қонунии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия оғоз шуд.

 

Барчасп