Август 15, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Нақзи оташбаси Яман аз сӯи Эътилофи Саудӣ
    Нақзи оташбаси Яман аз сӯи Эътилофи Саудӣ

Эътилофи таҷовузкори Арабистони Саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 123 маротиба оташбаси Яманро нақз кардааст.

Шабакаи «Ал-Масира» хабар дод, ки Эътилофи Саудӣ дар вилоятҳои Маъриб, Таиз, Ҷуф, Саъда, Ҳудайда, Ҳаҷҷа парвозҳои шиносоӣ ва таҷассусӣ анҷом додааст оташбаси СММ –ро нақз кардааст.  .

Бар асоси ин гузориш, ҳавопаймоҳои шиносоии Эътилофи Саудӣ хонаҳои истиқоматӣ ва мавзеъҳои нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ дар манотиқе дар вилояти Ҳудайдаро ҳадаф қарор додаанд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Эътилофи Саудӣ мавзеи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ ва ҳамчунин манзилҳои шаҳрвандони Яманро дар вилоятҳои Ҳудайда, Таиз, Маъриб, Ҳаҷҷа, Саъда ва Ҷизонро бо ҳамлаҳои шадиди тӯпхонаӣ, мушакӣ ва ракетӣ ҳадаф қарор доданд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва ин кишварро аз роҳи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ муҳосира кардааст. Таҷовузи низомии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш дар Яман боиси кушта ва захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва овора шудани беш аз 4 миллион нафар шудааст.

 

Барчасп