Август 18, 2022 17:51 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми нақзи оташбаси Яман аз сӯи эътилофи саъӯдӣ

Эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ дар шабонарӯзи гузашта 163 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз рўзи чаҳоршанбеи шабакаи хабарии Алмасира, эътилофи саъӯдӣ бо анҷоми парвозҳои таҷассусиву шиносоӣ бар фарози устонҳои мухталиф оташбаси Созмони Миллали Муттаҳидро нақз карданд .
Пештар Меҳдӣ Алмашот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути эътилофи саъӯдӣ тақрйбан аз байн рафтааст .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст . Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии беш аз 4 миллион нафар мунҷар шудааст .