Декабр 03, 2016 18:51 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Мӯсили Ироқ даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

Бар асари инфиҷори террористӣ дар Мӯсил воқеъ дар шимоли Ироқ, даҳҳо ғайринизомии ироқӣ кушта ва ё захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, террористҳои  ДИИШ имрӯз шанбе як мошини нафткаши бомбгузорӣ шударо дар маҳалла Қодисияи Мӯсил тарконданд, ки бар асари он дастикам 24 ғайринизомии ироқӣ кушта шуданд.

Маҳаллаи Қодисия дар шарқи Мӯсил ахиран аз ишғоли гурӯҳи террористии  ДИИШ озод шуд.

Амалиёти озодсозии Мӯсил дар устони Найнаво дар шимоли Ироқ аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ аз 17 октябри гузашта оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

 

Барчасп