Ҳақиқиён дафтари ёдбуди ҳодисаи террористии Маскавро имзо кард
(last modified Mon, 25 Mar 2024 12:07:15 GMT )
Март 25, 2024 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳақиқиён дафтари ёдбуди ҳодисаи террористии Маскавро имзо кард

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз (душанбе 6 фарвардин) бо ҳузур дар сафорати федератсияи Русия дар ин кишвар, дафтари ёдбуди ҳодисаи террористии ахир дар Маскавро имзо кард.

Ба гузориши гурӯҳи сиёсии хабаргузории Донишҷу, Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз (душанбе 6 фарвардин) бо ҳузур дар сафорати федератсияи Русия дар ин кишвар, дафтари ёдбуди ҳодисаи террористии ахир дар Маскавро имзо  кард.

 Сафири Эрон дар паёми худ зимни маҳкум кардани иқдоми террористии ахир дар шаҳри Маскав, бо хонаводаҳои ҷонбохтагон ибрози ҳамдардӣ кард ва ин ҳодисаи талхро ба давлат ва миллати Русия тасалият гуфт.