Баёнияи Сипоҳи посдорон дар мавриди мушакборони мақари гурӯҳакҳои террористӣ дар минтақа
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдод сешанбе бо судури 3 иттилоияи ҷудогона аз нобудии мақарҳо(қароргоҳҳои ҷосусӣ ва таҷаммӯъи гурӯҳакҳои террористии зиддиэронӣ дар бахшҳое аз минтақа бо мушакҳои баллистикӣ хабар дод.
Дар иттилоияи шумораи яки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ омадааст,дар посух ба ҷиноёти ахири террористии душманони Эрони исломӣ мақарҳои ҷосусӣ ва таҷаммӯъи гурӯҳакҳои террористии зиддиэронӣ дар бахшҳое аз минтақа бо мушакҳои баллистикии сипоҳ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва аз байн бурда шуд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияи шумораи 2 худ низ хотирнишон кард, дар посух ба ҷиноёти ахири гурӯҳакҳои террористӣ дар Кирмон ва Роск,маҳаллҳои таҷаммӯъи фармондеҳон ва унсурҳои аслии муртабит бо амалиётҳои террористи ахир, ба вежа ДИИШ дар сарзаминҳои ишғолии Сурия шиносоӣ ва бо шиллики чандин мушаки баллистикӣ нобуд шуд.
Дар идомаи ин иттилоия омадааст, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба миллати бузурги Эрон итминон медиҳад, гурӯҳакҳои террористии бадхоҳи миллати Эрон ҳар куҷо, ки бошандро хоҳад ёфт ва онҳоро ба сазои аъмоли нангинишон хоҳад расонд.
Асри чаҳоршанбе севуми январ, дар маросими чаҳорумин солгарди шаҳодати сардори шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар масири гулзори Шуҳадои Кирмон дар ҷануби Эрон, ду таркиши террористӣ дар миёни зоирон рӯй дод, ки бар асари он 94 нафар аз ҷумла чанд кӯдак ба шаҳодат расиданд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҷиноятро бар уҳда гирифт.
Дар ҳамлаи ахир террористҳои Ҷайшулзулм ба мақари интизомӣ дар шаҳристони Роск дар устони Сиистону Балучистон, ҷанубу шарқи Эрон низ 11 нафар аз неруҳои интизомии Эрон ба шаҳодат расиданд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин дар иттилоияи шумораи 3 худ овардааст дар посух ба шароратҳои ахири режими саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани фармондеҳони Сипоҳ ва Ҷабҳаи муқовимат, бо ишроф ва тасаллути иттилооте бар мақарҳо ва таҳаррукоти ин режим дар минтақа бо шиллики мушакҳои баллистикӣ яке аз мақарҳои аслии Хадамоти ҷосусии режими саҳюнистӣ "МОССАД" дар иқлими Курдистони Ироқ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва нобуд шуд.
Дар идомаи ин иттилоия омадааст, ин мақар маркази тавсеаи амалиёти ҷосусӣ ва тарроҳии иқдомоти террористӣ дар минтақа ва хусусан Эрон будааст.