Август 20, 2022 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ: Амрико омили аслии ҳамаи мушкилоти Лубнон аст

Муъовини шӯрои иҷроӣ Ҳизбуллоҳи Лубнон Амрикоро ба суи истифода аз буҳрони иқтисодии ин кишвар барои дастёби ба ҳадафҳояш мутаҳам кард ва Вашенгтонро омили аслии мушкилоти миллати Лубнон донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алминор, шайх Алӣ Даъмуш, муъовини раиси шӯрои иҷроӣ Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони изҳор кард: Амрико аз буҳрони иқтисодӣ, моллӣ ва маъишатии Лубнон барои ба даст гирифтани кантроли Лубнон ва расидан ба ҳадафҳои худ суи истифода мекунад. Амрико монеъ аз расидани ҳаргуна кумаки ба мардуми мо мешавад то Лубнонро таҳти фишори буҳронҳо, муҳосира, таҳримҳо ва таҳқир ҳифз кунад.

Даъмуш гуфт: Иддаои бархи афрод мабни бар таҳаррукоти Амрико барои кумак ба Лубнон ин воқеъиятро тағир намедиҳад, ки Вашенгтон дар марҳалаи аввал барои кумак ба Исроил иқдом мекунад ва омили аслии ҳамаи ранҷҳои лубнониҳо аст.

Даъмуш афзуд: Лубнониҳо бояд бидонанд амрикоеӣ, ки Лубнонро аз истихроҷи нефт ва газ ва истифода аз барқ манъ кард ва аз муфсидон ва шикастхурдагон муҳофизат кард, душмани онҳост ва ин Амрико аст, ки онҳро муҳосира карда ва бо матраҳ кардани шартҳои буҳрон онҳоро афзоиш медиҳад.

 

Барчасп