Август 29, 2022 14:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳалок шудани 4 саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ
    Ҳалок шудани 4 саркардаи гурӯҳи террористии ДИИШ

Манобеи ироқӣ аз ба ҳалокат расидан 4 тан аз хатарноктарин саркардаҳои ДИИШ дар шаҳри Мавсил хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Бағдод алявм”, Ситоди амалиёти Найнаво дар созмони Алҳашдушшаъбии Ироқ эълом кард, тайи як камини ҳисобшуда ва бо ҳамоҳангии неруҳои иттилоотии Алҳашдушшаъби чаҳор нафар аз хатарноктарин саркардаҳои ДИИШ дар шаҳри Мавсил ба ҳалокат расиданд.

Бар асоси ин гузориш, шумори дигаре аз афроди гуруҳи террористии ДИИШ низ дар ин амалиёт захмӣ шуданд.

Пештар ситоди иттилоърасонии амниятии Ироқ аз нобудии як мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоии артиши ин кишвар дар устони Аланбор хабар дода буд.

Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар Ироқ ҳамчунон бақоёи ин гуруҳи террористӣ дар бахшҳое аз Бағдод, пойтахт ва устонҳои Диёла, Найнаво, Салоҳиддин, Киркук ва Аланбор ҳар аз гоҳе бо истифода аз асли ғофилгирӣ даст ба таҳарруку анҷоми амалиётҳои террористии кӯр (қасдгирона) алайҳи шаҳрвандону низомиёни ироқӣ мезананд.

 

 

Барчасп