Декабр 04, 2016 18:30 Asia/Dushanbe
  • Идомаи амалиёти артиши Сурия зидди террористҳо

Нерӯи ҳавоии Сурия ба мавозеи гурӯҳаки террористии мавсум ба Ҷайшулфатҳ дар атрофи шаҳри Ҳамоҳ, (ғарби Сурия) ҳамла карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, як манбаи низомии сурӣ эълом кард, ҳамалоти нерӯи ҳавоии Сурия ба мавозеъ ва таҳаррукоти террористӣ дар атрофи шаҳри Ҳамоҳ, ба ҳалокати даҳҳо террорист ва захмӣ шудани теъдоде аз онон мунҷар шуд.

Хабари дигар ин ки артиши Сурия дар амалиёте мавозеи гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра (Фатҳушшом) дар урдӯгоҳи Аннозиҳин ва шарқи роҳи мувосилотии Ассадро дар ҷануби Сурия мунҳадим кард ва шуморе аз афроди террористӣ ба ҳалокат расиданд.

Нерӯҳои артиши Сурия махфигоҳи террористҳои Ҷабҳаи Аннусра ва гурӯҳҳои вобаста ба онро дар ғарби Сурия низ гулулаборон карданд.

 Дар ин ҳамалот шуморе аз афроди такфирӣ, аз ҷумла чанд саркардаи Ҷабҳаи Аннусра ба ҳалокат расиданд ва шуморе аз онон ҳам захмӣ шуданд.

Таллол Барозӣ, раиси вилояти Ҳумс ҳам бо ишора ба талоши нерӯҳои артиши Сурия ва муттаҳидонаш барои озодсозии бархе манотиқи Мушриф ба майдони гази Ашшоир дар наздикии шарқи вилояти Ҳумс гуфт, набарди артиши Сурия бо террористҳо дар меҳвари шарқии минтақаи Шоир ва шарқи Алҷарроҳ ва Алмасъудия идома дорад.

 

Барчасп