Ҳаким хостори ташкили давлати қавӣ дар Ироқ шуд
Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ хостори ташкили як давлати қавӣ ва одил дар ин кишвар шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Шафақ нюс”, Сайид Аммори Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ бо судури баёнияе афзуд, тайи ду рӯзи гузашта шоҳиди ҳаводиси ногуворе будем, ки дар пайи он хуни азизон рехта шуд.
Ҳакими афзуд, нигоҳ кардан бо басирату ҳақиқат ба он чӣ иттифоқ афтодааст, моро бар он медорад то барои ташкили давлати қавиву одил, ки барои мо зарурӣ аст ва то кунун мо ба он пойбанд буда ва бар ин гуфта пойбанд хоҳем монд, ҳаракат кунему талошамонро афзоиш диҳем.
Ҳаким дар баёнияи худ таъкид кард, ки кишвари Ироқ чолишеро мегузаронад, ки ғалаба бар он забони ақл, мантиқ ва гуфтугӯ, ки дар он манофеи миллӣ бар ҳамаи манофеи танги ҷиноҳиву ҳизбӣ ғалаба дошта бошад, аст.