Сентябр 04, 2022 09:36 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъи фаластиниён дар эътироз ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ

Фаластиниён дар эътироз ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун,дар Ромуллоҳ таҷаммуъ карданд .

Ташкилоти худгардони Фаластин бо вуҷуди дархости аҳзоб, гуруҳҳо ва мардуми Фаластин барои таваққуфи ҳамоҳангии амниятӣ бо Тел-Авив ва канор гузоштани ин сиёсат, бо боздоштҳои сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз эътирозоти мардумӣ алайҳи режими саҳюнистӣ, ба ҳамоҳангии амниятии худ идома медиҳад ва даҳҳо фаъоли маданӣ ва сиёсии мухолифи ин сиёсатро боздошт кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, фаластиниён дар ин таҷаммуъ поён додан ба боздоштҳои сиёсӣ, таваққуфи шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ ва озодии ононро хостор шуданд .
Дар ин таҷаммуъ шумори зиёде аз хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ низ ҳузур доштанд .
Онҳо бо дар даст гирифтани навиштаҷотҳое  эътирози худро ба идомаи боздоштҳои сиёсӣ тавассути хадамоти амниятии Ташкилоти худгардон нишон доданд .
Асмо Ҳаряш, хоҳари яке аз зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Ташкилоти худгардон гуфт : 40 рӯз аст хостори мулоқот бо вукалои худ шуданд, аммо вақте вукалои онҳо ба зиндони Ариҳо муроҷиа карданд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ҳамаи онҳо ба Ромуллоҳ мунтақил шудаанд .