Мақоми яманӣ: Ба Арабистон барои тавқифи нафткашҳои яманӣ посухи муносиб медиҳем
Раиси Шурои олии сиёсии Яман эълом кард, дар сурати идомаи тавқифи нафткашҳои яманӣ тавассути Эътилофи Саудӣ, посухи муносиб нишон хоҳем дод.
Ба гузориши шабакаи телевизионии "Алмасира"-и Яман, Аламшот, раиси Шурои олии сиёсии Яман гуфт, дар сурате, ки киштиҳои ҳомили сӯхт вориди бандари Алҳудайда нашавад, бо аъзои Шурои олии сиёсӣ машварат мешавад то тасмими лозим гирифта шавад.
Аламшот гуфт, то замоне ки неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман вуҷуд доранд, ҳеҷ қудрате наметавонад иттиҳоди моро аз миён бибарад.
Ин мақоми яманӣ иқдомоти гирифташуда аз сӯи эътилоф дар устонҳои ҷанубии Яманро иқдомоти ишғолгарона донист, ки машруият надорад.
Раиси Шурои олии сиёсии Яман зимни дархост аз муздурони вобаста ба кишварҳои мутаҷовиз барои пайвастан ба афви умумии эъломшуда аз сӯи ин гуруҳ афзуд, дарвозаи афв ҳамчунон ба рӯйи Шумо боз аст, ҷоҳталабиҳои мутаҷовизону ишғолгарони Эътилофи Саудӣ дар замонҳои ахир беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст.
Давлати наҷоти миллии Яман рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки шумори киштиҳое, ки ҳамчунон дар тавқифи эътилофи арабист, ба 9 адад расидааст.