Июл 27, 2016 19:38 Asia/Dushanbe

Муздурони Саудӣ дар ҷануби Яман дар ҷинояте ҳавлнок 20 шаҳрванди ғайринизомиро куштанд ва пайкарҳояшонро масла карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ямании Алмасира, муздурони Саудӣ рӯзи сешанбе як масҷидро дар рӯстои Алсарорӣ мунфаҷир карданд ва бо ҳамла ба рӯсто, даҳҳо нафар аз аҳолии онро куштанд ва ё асир карданд.

Бар асоси ин гузориш, дар ин ҷиноят 20 нафар аз аҳолии рӯстои Алсарорӣ кушта шуданд.

Ҷинояткорон дар иқдоме ғайриинсонӣ, пайкари кушташудагонро масла карданд.

Хабаргузории ямании Сабо ҳам ба нақл аз як манбаи маҳаллӣ гузориш дод, муздурони Саудӣ ҳамчунин беш аз 50 хонаи сокинони рӯстои Алсарориро ро пас аз ғорати амволи он оташ заданд.

Шайх Аднон Ҷунайд Алтаъзӣ аз уламои Таиз гуфт касоне, ки дар ҳамлаи такфириҳо ба рӯстои Алсарорӣ кушта ва ё асир шуданд, хонаҳояшон дар оташ сӯхт ва ба ҳамсаронашон низ беэҳтиромӣ шуд, аз хонаводаҳои содот ва фарзандони аҳли байти паёмбари акрам (с) буданд.

Сешанбе шаб ҳамчунин бомбе дар масҷиди Алсарвоҳ дар минтақаи Санҳон дар Санъо, пойтахти Яман мунфаҷир шуд, ки бар асари он дастикам 3 нафар аз намозгузорон кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шуданд .

Барчасп