Ҷузъиёти ҳодисаи бархӯрди мошинҳои ҳомили мусофирони эронӣ дар Ироқ
(last modified Mon, 12 Sep 2022 05:04:50 GMT )
Сентябр 12, 2022 10:04 Asia/Dushanbe

Муовини маркази пизишкии Ҳилоли Аҳмар гуфт, дар ҳодисаи бархӯрди 3 мошин дар шаҳри Шумлии вилояти Бобули Ироқ 41 нафар кушта ва маҷруҳ шуданд.

Тоҳири Дурудӣ гуфт, ба иллати бархӯрди 3 мошин дар шаҳри Шумлии вилояти Бобули Ироқ 11 нафар фавт ва ҳудуди 30 нафари дигар масдум шуданд.

Муовини маркази пизишкии Ҳилоли Аҳмар афзуд, бар асари тасодуфи як минибус бо як ван ба иллати вуҷуди капсули газ дар дохили ван, ин ду нақлиёт дучор инфиҷор мешавад, ки дар пайи он 11 нафар фавт ва ҳудуди 30 нафари дигар масдум шуданд.