Сентябр 12, 2022 12:58 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ 188 бор оташбаси Яманро нақз кард

Манобеи яманӣ хабар доданд, Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 188 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Алмасира”, Эътилофи саудӣ тайи шабонарӯзи гузашта бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ бар фарози вилоёти Маъриб, Таиз, Ҷуф, Саъда, Ҳудайда, Золеъ, Байзо, Ҳаҷҷа ва меҳварҳои амалиётии марзӣ оташбаси Созмони Милали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, неруҳои Эътилофи саудӣ мавозеи неруҳои артишу кумитаҳои мардумӣ ва ҳамчунин манозили маскунии шаҳрвандони яманӣ дар вилоёти Ҳудайда, Таиз, Ҳаҷҷа,, Саъда, Ҷизон, Золеъ ва Наҷронро ҳадафи ҳамалоти сангини тӯпхонаӣ, ракетӣ ва хумпораӣ қарор доданд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳенси Гронденберг, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман ҳудуди як моҳ пеш аз тавофуқи тарафҳои яманӣ барои тамдиди думоҳаи оташбас хабар дода гуфта буд, тамдиди оташбаси Яман дарбаргирандаи тааҳҳуди тарафҳо барои музокира ба манзури дастёбӣ ба як тавофуқи густардатар аст.