Сентябр 15, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳамос ба баёнияи сафорати Украина дар сарзаминҳои ишғолӣ

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин «Ҳамос» баёнияи сафорати Украина дар сарзаминҳои ишғолӣ дар бораи ин ҷумбишро маҳкӯм кард.

Ба хубаргузории Шаҳоб, Босим Наим масъули идораи сиёсӣ ва равобити хориҷии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин «Ҳамос» баёнияи сафорати Украина дар сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи ин ҷумбишро маҳкӯм кард.

Наим афзуд, ишғолгарони саҳюнист 70 сол аст, миллати моро мекушанд ва овора мекунанд ва ба муқаддасот иҳонат мекунанд.

Ин раҳбари Ҳамос ҳамчунин таъкид кард, режими саҳюнистӣ ҳарлаҳзаи ҷинояти ҷангӣ ва зидди башарӣ муртакиб мешавад ва ҳамонтавр, ки бисёре аз ниҳодҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эълом кардаанд, як режим нажодпараст аст, бар ин асос бояд ин режими таҳриму сарони саҳюнист мавриди пайгард қарор гиранд ва ба унвони ҷинояткорони ҷангӣ муҳокима шаванд.

Ҳайати баландпоя аз ҷумбиши Ҳамос ба раёсати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ин ҷумбиш шанбешаб ба Маскав сафар кардааст; Солеҳ Ал Орурӣ, муовини раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва Мӯсо Абу Марзуқ ва Моҳир Салоҳ аз аъзои дафтари сиёсии ии ҷумбиш, Ҳанияро дар сафар ба Маскав ҳамроҳӣ мекунанд.