Ҳузури густардаи зоирон дар Ироқ ба муносибати реҳлати Паёмбар Акрам (с)
Сентябр 25, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
Устондори Наҷафи Ироқ аз ҳузури густардаи зоирон дар Наҷафи ашраф ба муносибати солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) хабар дод.
28 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 сентябри 2022 солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) ва шаҳодати ҳазрати имом Ҳасани Муҷтабо (а), набераи эшон аст.
Моҷид Ал Воилӣ, устондори Наҷафи Ашраф гуфт, ин устон имсол шоҳиди ҳузури болои зоирон аст ва ташкилоти мухталифи амниятӣ ва хадамотӣ ба манзури таъмини амнияти ин устон дар тӯли маросими солрӯзи реҳлати Паёмбари гиромии Ислом (с) басиҷ шудаанд.
Барчасп