Фирори саркардаҳои ДИИШ аз Мусил
(last modified Tue, 06 Dec 2016 06:24:21 GMT )
Декабр 06, 2016 11:24 Asia/Dushanbe
  • Фирори саркардаҳои ДИИШ аз Мусил

Манобеи маҳаллӣ дар вилояти Найнаво, шимоли Ироқ, аз фирори саркардаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ, аз ҷумла Абӯбакри Бағдодӣ аз Мусил ба манотиқи марзии ин кишвар бо Сурия хабар доданд.

Ба дунболи дастури саркардаҳои ДИИШ барои фирори афроди худ аз Мусил пас аз шикастҳои пайдарпай ва тангтар шудани арса бар ин гурӯҳ, Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи аслии ДИИШ ба ҳамроҳи шуморе аз афроди худ дар минтақаи Албаъоҷ, дар ғарби вилояти Найнаво, дар манотиқи марзӣ бо Сурия махфӣ шуданд.

Пеш аз ин, ба дунболи пешравии фаврии артишу нерӯҳои мардумии Ироқ дар Мусил ва тангтар шудани арса барои гурӯҳи террористии ДИИШ, саркардаҳои ин гурӯҳи террористӣ аз афроди худ хостанд, ки Мусилро тарк кунанд.

Наҷм Ҷабурӣ, фармондеҳи амалиёти озодсозии Мусил бо ишора ба авзои ба ҳам рехтаи террористҳо ва нотавонии онон барои идомаи ҷангидан гуфт, озодсозии ин шаҳр аз ишғоли ДИИШ дар соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд.

Амалиёти озодсозии Мусил аз 17-уми октябри имсол, аз шаш меҳвар оғоз шудааст ва нерӯҳои ироқӣ тайи рӯзҳои ахир тавонистаанд вориди шаҳракҳову маҳаллоти атрофи Мусил дар бахши шарқии ин шаҳр шаванд.

 

Барчасп