Сентябр 26, 2022 13:27 Asia/Dushanbe
  • юриши навбатии низомиёни саҳюнистӣ ба Қудси ишғолӣ
    юриши навбатии низомиёни саҳюнистӣ ба Қудси ишғолӣ

Низомиёни саҳюнист ба шаҳракҳое дар Қудси ишғолӣ юриш бурданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф мардуми Фаластинро шаҳид, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд. Фаластиниён низ дар посух ба ин ҷиноёт амалиёти зиддисаҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

Низомиёни саҳюнист ба шаҳраки Алтур юриш бурданд ва дар манотиқи мухталифи ин шаҳрак ҳузур ёфтанду иқдом ба боздошти фаластиниёну партоби гази ашковар ба сӯйи мардум карданд.

Дар шаҳраки Силвон низ саҳюнистҳо бо фаластиниён даргир шуданд.

Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ дар остонаи ҷашнҳои соли ҷадиди яҳудӣ аз тарси шиддат гирифтани амалиётҳои фаластиниён ҳазорон нафар аз неруҳои худро дар Қудси ишғолӣ ва шаҳрҳову шаҳракҳои мухталифи он мустақар кардааст.

 Таии як моҳи ахир амалиётҳои худҷӯши фаластиниҳо алайҳи саҳюнистҳо ба шакли қобили мулоҳизае афзоиш ёфта ва ҳамин масъала режими ишғолгарро ба ваҳшат андохтааст.