Таъкиди Насруллоҳ бар ваҳдату ҳамбастагии мусулмонон
Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, мусулмонон бояд ба сӯрати амалӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ дошта бошанд.
Саидҳасан Насруллоҳ дар суханроне ба муносибати Ҳафтаи ваҳдат, бо баёни инки имом Хумайнӣ (раҳ.) маҳали ихтилоф бар сари рӯзи милоди Паёмбари Акрам (с)-ро ба маҳали иҷмоъ ва иттифоқ табдил карданду пуле байни 12 то 17 рабе ул аввал сохтанд, ки ба номи Ҳафтаи ваҳдати исломӣ номгузорӣ шуд, афзуд, мусулмонон бояд ба сӯрати амалӣ ваҳдат ва ҳамбастагӣ дошта бошанд ва бар нуқоти муштарак таъкид кунанд, на ихтилофот ё инки дар мавозеъи ихтилофӣ, якдигарро дарк кунанд.
Насруллоҳ дар бахши дигаре аз суханони худ ҳамчунин ба масъалаи марзбандии дарёӣ байни Лубнону Фаластини ишғолӣ пардохт ва гуфт, соатҳои сарнавиштсозе пеши рӯи мо аст.
Вай афзуд, мо ба унвони мардуми Лубнон, мунтазири мавзеи расмӣ аз сӯи раисиҷумҳури Лубнон ва душмани саҳюнистӣ дар бораи ин музокирот ҳастем.
Насруллоҳ изофа кард, бархе аз расонаҳои исроилӣ ва арабӣ дар ҳоли тарвиҷи ин иддао ҳастанд, ки Ҳизбуллоҳ хостори бар ҳам хӯрдани ин тавофуқ аст, ин дар ҳоле аст, ки Ҳизбуллоҳ аз оғози ин парванда, рафтори муносибе дошт.
Насруллоҳ таъкид кард, ин тавофуқ бояд мутолиботу хостаҳои давлати Лубнонро бароварда кунад.
Вай ба мавзӯи Фаластин низ пардохт ва гуфт, таҳаввулоти Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ аз аҳамияти бисёре бархӯрдор аст ва барои режими саҳюнистӣ ва масъулони ин режим, шокакунанда буд.