Октябр 19, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Лавров бар ҳимоят аз Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия бори дигар таъкид кард ин кишвар ба рӯйкарди худ барои ҳимоят аз давлату миллати Сурия идома медиҳад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров дар дидор бо Риёз Ҳаддод-сафири Сурия дар Маскав бар умқи равобити Русияву Сурия дар заминаҳои мухталиф, ки дар солҳои гузашта мустаҳкамтар шуда ва ба сатҳи бисёр болое расида таъкид кард ва гуфт : Ду кишвар дастовардҳои муҳимме дар натиҷаи ҳамкорӣ дар заминаҳои низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ,фарҳангӣ ва порлумонӣ рақам задаанд .
Вазири умури хориҷаи Русия бори дигар таъкид кард, ки ин кишвар то барқарории субот дар Сурия ба ҳимоят аз ин кишвар идома хоҳад дод .
Вай тасреҳ кард  ин ҳимоятҳо шомили кумакҳои зарурӣ барои муқовимати Сурия дар баробари муҳосираи иқтисодӣ ва таҳримҳои золимонаи таҳмилӣ аз сӯи Ғарб хоҳад буд.
Ҳаддод низ бар зарурати боло бурдани сатҳи ҳамкории миёни Сурияву Русия ба вижа дар заминаи иқтисодӣ таъкид кард ва гуфт, ки ин кор бояд ба он далел сурат гирад ки ду кишвар бо ҷанги иқтисодии мушобеҳе рӯбарӯ ҳастанд .
Ибтидо Эрон бо эъзоми неруҳои мусташорӣ ба Сурия ба мубориза бо гуруҳҳои террористӣ пардохт ва дар марҳалаи баъд бо ройзаниҳои Эрон бо Русия,Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия дастури эъзоми ҳавопаймоҳо ва неруҳои русӣ ба Сурияро дар сентябри 2015 содир кард ва ба дунболи он дар амалиёти муштараки артиши Сурия ва неруҳои ҳампаймони он пирӯзиҳои бузурге насиби давлати Сурия шуд ва манотиқи бисёре аз ин кишвар аз чанголи террористҳо озод шуданд .
 

 

Барчасп