Шарҳи амалиёти нави неруҳои яманӣ алайҳи мутаҷовизони саъӯдӣ - аморотӣ
Яҳё Сареъ-сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Ямани шомгоҳи ҷумъа ҷузъиёти амалиёти нави неруҳои ин кишвар алайҳи мутаҷовизони саъӯдӣ - аморотиро шарҳ дод .
Манобеи хабарӣ асри ҷумъа аз вуқуъи ду таркиш дар бандаргоҳи Аззаба воқеъ дар шарқи шаҳри Макла-маркази устони Ҳазрамут хабар доданд . Ин бандар дар ишғоли эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ - аморотӣ қарор дорад .
Ин инфиҷорҳо ҳамзамон бо вуруди як киштии ҳомили маҳмӯлаи нафтӣ сурат гирифтааст .
Манобеи расмӣ то кунун оморе дар бораи хисороту талафоти эҳтимолии ин инфиҷорҳо мунташир накардаанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Яҳё Сариъ гуфт:Неруҳои мусаллаҳи Яман « ҳамлаи ҳушдоромизи соддае » анҷом доданд ,то монеъ аз он шаванд, ки як нафткаш битавонад нафти хоми Яманро аз тариқи бандаргоҳи Аззаба ба яғмо бибарад .
Вай идома дод : Ин нафткаш тасмими содира аз масъӯлони зирабт дар бораи мамнӯъияти интиқолу содироти фаровардаҳои нафтии ҳокимиятии Яманро поймол карда буд .
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Ямани ҳамла ба бандаргоҳи Аззаба дар Ҳазармутро ҳушдори соддае ба эътилофи саъӯдӣ донист то ғорати манобеи нафтии Яманро мутаваққиф кунанд .
Сариъ бо баёни инки Яман қодир аст амалиётҳои ҳшдоромизеро барои дифо аз миллату ҳимоят аз манобеи худ анҷом диҳад, таъкид кард : Бори дигар ба ҳамаи ширкатҳо ҳушдор медиҳем аз тасмимоти Санъо итоат кунанд ва аз ҳар гуна талоше барои ғорати манобеи Яман дурӣ кунанд » .
Устони Ҳазармут бузургтарин тавлидкунандаи нафт дар Яман аст ва муздурони саъӯдӣ - аморотӣ - амрикоӣ борҳо барои ғорати нафти ин кишвар дар манотиқи таҳти ишғоли худ ба ҷони ҳам афтодаанд .
Вазорати нафти давлати Наҷоти миллии Яман чанде пеш хабар дод, ки эътилофи саъӯдӣ ҳудуди 10 миллиард доллар аз манобеи нафтии Яманро ба яғмо бардааст .
Бештар бихонед :
- Оғози дубораи фурӯши таслеҳот ба Арабистон; мушорикат дар ҷанги Яман
-
Ройзании телефонии Амирабдуллоҳиён ва дабири кулли Созмони Милал дар бораи тамдиди оташбас дар Яман