Декабр 08, 2016 12:23 Asia/Dushanbe
  • Башор Асад: Ҳалаб охирин умеди террористҳо дар Сурия аст

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, озодии комили Ҳалаб раванди ҷанг дар Сурияро тағйир хоҳад дод.

Ба гузориши шабакаи ал Олам, Башор Асад рӯзи чаҳоршанбе дар мусоҳиба бо рӯзномаи  “ал Ватан” гуфт, Ҳалаб охирин умеди террористҳо дар ин кишвар пас аз шикаст дар Димишқ ва Ҳумс аст ва озодсозии ин шаҳр ба маънои шикасти тарҳи ғарбиҳо ва ҳомиёни минтақаии онон аст.

Асад афзуд, давлати Сурия тасмими худро барои озодсозии тамоми манотиқи таҳти ишғоли террористҳо гирифтааст ва Ҳалаб ҳам бахше аз ин манотиқ аст, ки бояд комилан озод шавад.

Башор Асад дар бораи нақши Туркия дар идомаи буҳрони Сурия низ гуфт, Туркия дар канори ғарбиҳо тамоми вазни худро дар Ҳалаб гузошт ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури ин кишвар барои озод нашудани Ҳалаб сармоягузорӣ кард.

Раисиҷумҳури Сурия таъкид кард, роҳи ҳалли воқеӣ ва амалии буҳрони Сурия, оштии миллӣ аст ва Димишқ омодааст бо тамоми мухолифоне, ки аз террористҳо ҳимоят накарда ва бо кишварҳои бегона муртабит нестанд, музокира кунад.

 

Барчасп