Октябр 30, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Мардум ва муборизони фаластинӣ дар чанд рӯзи гузашта бар шиддати амалиёти худ алайҳи низомиён ва шаҳракнишинони ин режим афзӯдааст
    Мардум ва муборизони фаластинӣ дар чанд рӯзи гузашта бар шиддати амалиёти худ алайҳи низомиён ва шаҳракнишинони ин режим афзӯдааст

Шаҳракнишинони саҳюнист дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ ба самти манзилҳои маскунии шаҳрвандони фаластинӣ тирандозӣ карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Маъои Фаластин, ба дунболи амалиёти муқовимати муборизи фаластинӣ дар шаҳраки  Кариёт Арбаъ шаҳракнишинон шанбе шаб ба манзилҳои маскунии фаластиниён дар атрофи ин шаҳрак тирандозӣ карданд.

Бо вуҷӯди тадобири амниятии режими саҳюнистӣ, мардуми ва муборизони фаластинӣ дар чанд рӯзи гузашта бар шиддати амалиёти худ алайҳи низомиён ва шаҳракнишинони ин режим афзӯдааст.

Дар амалиёти зиддӣ саҳюнистии,   Муҳаммадкамол Ал-Ҷаъбарӣ муборизи фаластинӣ дар шаҳраки саҳюнистнишин  дар шаҳри Ал-Халил воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ як саҳюнист кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ҷануби Ноблес низ шуморе аз шаҳракнишинон бо санг ба худравҳои шаҳрвандони фаластинӣ дар ҳаволии майдони Салмони Форсӣ ва ҷоддаи байни Ҳавора ва Қалқалила ҳамла ва ба худравҳои онҳо осеб ворид карданд.

Ин амалиёти муқовимати дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи ҷумъа низомиёни саҳюнист дар наздикии  пости ист ва бозрасии низомиёни Ҳавора воқеъ дар ҷануби Ноблес  Аммоди Абуррашид (47сола)-ро ба зарби гулула ба шаҳодат расондаанд ва 2 нафари дигарро низ  захмӣ карданд.