Ҳания: Конфронси сарони араб аз мардуми Фаластин ҳимоят кунед
Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос аз конфронси сарони араб хост аз мардум ва муқовимати Фаластин ҳимоят кунад ва баёнияи поёнии Алҷазоир ваҳдати милли дар Фаластинро хостор шавад.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи хабргузории Симо, Исмоил Ҳания Раис дафтари сиёси Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар конфросни сарони араб дар Алҷазоир бо байни ин, ки имрӯз Фаластин дар дақиқтарин ва печидатарин шароити сиёсӣ ва инсонии худ қарор дорад, тасреҳ кард, ишғолгарони Қудс таҷовузашон зиддӣ мардум, сарзамин ва муқаддасотамонро афзоиш додаанд ва Масҷидул Ақсо бо сиёсати яҳудисозӣ ва тақсими замонӣ ва маконӣ рӯ ба рӯ аст.
Ҳания таъкид кард, борикаи Ғазза дар муҳосира кашидааст ва асирони фаластинӣ шароити сахте доранд, оворагон низ дар табъидгоҳо саргадонанд ва шароити душворе доранд, бо ин ҳол мардуми Фаластин дар пайи муқовимати зиддӣ ишғолгарони Қудс ҳастанд.
Раиси дафтари Ҳамос гуфт, ҳар рӯз шаҳиде дар масири озоди тақдим мешавад, ки бар усул ва ҳуқуқашон дар сарзамин,ватан ва муқаддасот исрор доранд.
Ҳания аз ҳозирон дар конфронси Алҷазоир хост, ибтикори илмиро барои ваҳдати мардуми Фаластин бо унвони баёнияи Алҷазира барои ваҳдати дохили Фаластин ироа диҳанд.
Ҳания тадобир ва гомҳои шафоф барои ҳимоят аз суқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ, ба вижа Масҷидул Ақсоро хостор шуд. Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ леҳ мешаванд. Ин режим дар ин муддат ваҳшитёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи Фаластиниҳо муртакиб шудааст.